zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми се моҳи аввали соли 2021 бо иштироки муовин ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва дигар фаъолон доир гардид.

Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли равон муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми cемоҳаи аввал ба қисми даромади буҷети давлатӣ  53,6 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 105,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 2,5 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми семоҳа ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 35 корхонаи саноатии шаҳр 21-тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро барзиёд таъмин намуданд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 25,6 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръат дар давраи ҳисоботӣ ду корхонаи нави саноатӣ: ҶДММ “Гулистони Аҷам” бо иқтидори истеҳсолии 24 тонна хӯроки чорво дар як шабонарӯз ва  “Мурғи дастрас” барои парвариши  20 ҳазор сар мурғ бо таҷҳизоти замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12695 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 559 ҷой зиёд мебошад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 11389 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 936 нафар зиёд гардидааст.

Дар давоми се моҳ аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ 27,4 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 75,6%-ро ташкил дод. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 27,0 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 76,4 фоиз мебошад. Ба кор андохтани фондҳои асосӣ 9,1 миллион сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 2,0 маротиба зиёд иҷро шудааст. Иҷрои корҳои пудратӣ  9,3 миллион сомонӣ буда, 100,6 фоиз зиёд гардидааст.

Дар ин давра баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардида иншоотҳои ҷашнӣ 221 адад буда, дар давоми се солу се моҳ сохтмони 179 иншооти ҷашнӣ ба маблағи зиёда аз 315 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 80,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат зиёда аз 90 иншооти иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, гулгаштҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, ташкили корхонаҳои нав, чароғонкунии биноҳои истиқоматӣ ва монанди ин. Дар маърӯза инчунин дигар соҳаҳо мавриди таҳлил ва интиқод қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода дар баррасии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ аз масъулини нозироти андоз, молия, саноат, барқ, комиссариати ҳарбӣ, сектори идеологӣ, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, шаҳрсозӣ, хоҷагии коммуналӣ пурсиш ба амал оварда, доир ба густариши фаъолият, дар муҳлатҳои муқарраргардида супоридани иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва тавсеаи корҳо дар самтҳои мазкур дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои мушаххас намуд.

Дар кори ҷаласаи  фаъолони шаҳр  сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок ва суханронӣ кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон