zoofirma.ru

Дар кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии фестивал озмуни «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивал озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъати ҳунари волои халқи тоҷик баргузор гардид. Баланд бардоштани тақвияти муаррифии сару либоси миллӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдонҳо ва дигар намуди чеварӣ ҳадафи дигари фестивал буд.

 

Фестивал аз рӯйи номинаҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ” ҷараён гирифт.

Дар бахши аввал намоиши либоси кӯдакона Шукрия Ѓоибова, Фарангис Самадова ва Мафтуна Ѓаниева, дар бахши дуввум намоиши либоси рӯзмарра Машҳура Мирзохоҷаева, Аниса Тошпулатова ва Шабнам Њаитова, дар бахши либоси қадима Сайёра Таурова, Мижгона Шарифова ва Меҳрона Содиқова, дар номинаи либосҳои идона Алмира Музаффарова, Манижа Ҳошимова ва Озода Назарова ва дар номинаи либосҳои расмӣ Мафтуна Латифова, Ясмина Олимова ва Фарзона Амонова сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар фарҷом ба ѓолибон ва иштирокчиён сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супурда шуд.