zoofirma.ru

Ба истиқболи ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон озмуни Турсунзодахонӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр озмунро ҳусни оғоз бахшид. Дар озмун беш аз 50 нафар хонандагон аз рӯӣ ду зиннаи синнусолӣ байни ҳам рақобат намуданд. Озмунро устодони нуктасанҷ ҳакамӣ намуданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон ғолибон муайян гардиданд. Ғолибони мақоми аввал аз ду зинаи синнусолӣ ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.