zoofirma.ru

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории вохӯриву мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Истиқлолу Ваҳдат поянда бод” ва “Экстремизму терроризмро маҳкум мекунем” вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳайати таблиғотчиёни Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Амнҷон Шарифзода муовини якуми раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд, Саидбой Зокиров раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд, тарғиботчиёни маҳаллӣ, фаъолони ҷамоати шаҳрак ва омӯзгорону хонандагони МТМУ №2-и ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.

Вохӯриро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов оғоз бахшида меҳмононро ба ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон хуш омадед гуфт. Доир ба мавзӯъҳои зикргардида  Амнҷон Шарифзода, Саидбой Зокиров, Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Фаридуншоҳ Абдуллоев маърӯза намуданд.

Сипас  раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргиза Бердиева ба ҳайати таблиғотчиён барои баргузории вохӯриву мулоқоти судманд изҳори сипос намуда баён дошт, ки баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек буда, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва огоҳии сокинону ҷавонон нақши бориз дорад.