zoofirma.ru

Дар пайравӣ аз иқдомҳои халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои рамазонӣ ба оилаҳои камбизоате, ки 135 нафарро дар ҷамоати шаҳраки Сирдаёи шаҳри Гулистон ташкил медиҳанд, кумаки яквақтаина расонида шуд.

Нуринисо Комилзода, муовини якуми Раиси шаҳр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба оилаҳои камбизоат маводи хӯрока тақдим намуд.

Шаҳрвандон шукронаи диёри хеш, сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ намуда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва сиёсати халқпарварона арзи сипос намуданд.

Ҳамчунин, Саодат Пӯлотова собиқадори меҳнат бо маводи ғизоиву кумакпулии яквақтаина аёдат карда шуд.