zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҳифз ва нигаҳдории мавзеъҳои сайёҳӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи сайёҳии экологиро дар соҳили “Баҳри тоҷик” ба роҳ монд. Дар аксияи сайёҳии экологӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони ҳифзи муҳити зист ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Дар раванди баргузории аксияи сайёҳии экологӣ соҳили “Баҳри тоҷик” аз партовҳо тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки “Баҳри тоҷик” яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ба шумор меравад ва ҳамасола теъдоди зиёди меҳмонони дохиливу хориҷӣ барои дидани он меоянд. Баргузории аксияҳои сайёҳии экологӣ тибқи нақша ҳар ҳафта ба роҳ монда мешавад.