zoofirma.ru

Бахшида ба таҷлили 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар боғи “24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” -и шаҳри Гулистон чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода  суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар радифи санаҳои фаромӯшношуданӣ ва барои тамоми инсоният аз ҷумла, мо тоҷикистониён мақоми хоса дорад. Ҳафтоду шаш сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорӣ хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пайки Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд. Нақши Тоҷикистон дар заҳмати шаборӯзии ақибгоҳ низ хеле назаррас аст.

 

Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик дар роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи марзу буми он дастури зиндаи амал ба шумор меравад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.

Дар чорабинии ҷашнӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов низ иштирок намуда, номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба пояи муҷассамаи “Модар”  гулчанбар гузошт.

Чорабинӣ бо гулчанбаргузории ташкилоту корхонаҳо бар пояи муҷассамаи “Модар” ба фарҷом расид.