zoofirma.ru

Субҳи имрӯз дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” Дави миллӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода баён дошт, ки дави миллӣ бо ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дўстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрўз сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон низ бо рўҳбаландӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст. Дар ҳақиқат, дави  миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарѓиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи  ҷисмонӣ ва таъмини ширкати  ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои  минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар урфият мегўянд, рўҳи солим дар  ҷисми солим аст. Агар мо дар асоси  ин  ҳикмат амал намоем ва варзишро ҳамчун  омили беҳтарини тандурустӣ ва солимии аъзои ҷомеа шуморем, албатта ба ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, суботу устуворӣ ва  сарсабзиву  шукуфоии кишвари азизамон расида  метавонем”.

Раиси  шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳамагонро бо баргузории муташаккилонаи чорабинии дави миллӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” шодбош намуда, барояшон тансиҳатӣ, зиндагии пурнишот ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно намуд.

Сипас чорабинии дави миллӣ оғоз гардида, иштирокчиён аз рӯйи чор зинаи синнусолӣ байни мардон ва бонувон мубориза бурданд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷом Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба иштирокчиён барои иштирок дар чорабинии шаҳрӣ изҳори миннатдорӣ намуда, даъват намуд, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъол ва номбардори шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ бошанд.