zoofirma.ru

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ монданд.

Дар шафати даромадгоҳи кӯчаи асосии шаҳрак бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо, муассиса ва сокинон маросими ботантанаи ифтитоҳи нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, лауреати мукофоти давлатии ИҶШС, кӯҳкани номӣ Тоҷиддин Имомалиев ба вуқӯъ пайваст.

Доир ба ҳаёту фаъолияти пурсамар ва ибратбахши қаҳрамон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳрак, корхонаи Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум, собиқадорони меҳнат ва аҳли пайвандон суханронӣ намуданд.

Дар маросими тантанавӣ парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ ва нимпайкара бардошта шуд. Муҳассилини муасисаҳои таълимии шаҳрак дар васфи Ватан, Тоҷикистон, дӯстиву ваҳдат ва меҳнату садоқатмандӣ шеърҳо қироат намуданд. Сипас намояндагони идораву ташкилотҳо, муассисаҳо ва сокинон ба пояи нимпайкара гулчанбарҳо гузоштанд.