zoofirma.ru

Семинари таҷрибаомӯзӣБо ибтикори шуъбаи маорифи шаҳр дар МТМУ-и №1 бо иштироки ҷонишинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ семинар доир гардид. Ҷонишини директори МТМУ-и №1 Муҳаббат Кӯзиева, мушовири шуъбаи маориф оид ба корҳои тарбиявӣ Фазилат Фаридунова, мудири кабинети методии шуъбаи маориф Зебо Шокирова дар мавзӯҳои «Ҳуҷҷатнигорӣ», «Муносибати роҳбари синф ва омӯзгорон бо хонандагон» ва «Омӯзгор ҳам педагог ва ҳам психолог» суханронӣ намуданд.

Дар дарсҳои соати тарбиявии омӯзгорон Хайринисо Иброҳимова ва Ҳоҷалой Комбоева доир ба мавзӯҳои «Оила асоси давлат», «Дониш хоҳӣ, китоб хон» ҳузурдоштагони семинар ширкат варзиданд. Шиносоӣ бо маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Гилембофӣ», «Рӯзгордорӣ», «Дастони моҳир» низ басо ҷолиб буд.

Хонандагони синфи 5 «а» ба Созмони талабагӣ қабул карда шуданд. Таҳти сарварии омӯзгори омодагии дифои ҳарбӣ Ҳакимҷон Ҳоҷибоев малакаи тайёрӣ ба машқҳои ҳарбии хонандагон намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни кори семинар ҷонишинони дирктор аз таҷрибаи якдигар бо гирифтани маълумотҳои зарурӣ ва огаҳӣ ба фаъолият аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.