zoofirma.ru

«Мо ҳомиёни Ватанем»Бо мақсади идома бахшидан ба аксияи «Мо ҳомиёни Ватанем» 13 ноябри соли 2015 аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум аёдати волидайни 3 нафар сарбозони дар хизмати Ватан буда аз Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳ монда шуд.

Сарбоз Мирзоориф Рӯзиев дар даъвати баҳоронаи соли 2015 ба хизмат даъват шуда, дар шаҳри Душанбе сарбаландона хизмат мекунад. Ҳаитбой Эрманов бошад дар даъвати тирамоҳонаи соли равон ба хизмат даъват гардида, дар шаҳри Роғун ба хизмат оғоз кард.

Бахтиёр Ашӯров дар даъвати баҳоронаи соли 2014 ба хизмат даъват гардид ва айни замон дар қисми низомии 08050 хизмат намуда истодааст. Ба волидайни онҳо Рауф Рӯзиев, Ҷӯрабой Эрманов ва Моҳсафар Ашӯрова ҳини аёдат раиси КИ шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ва раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Мансур Боқиев барои тарбияи фарзандони содиқу меҳанпараст изҳори миннатдорӣ карданд.