zoofirma.ru

Фаъолгардонии нақши занонҚабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқӣ дар беҳдошти вазъи иқтисодӣ – иҷтимоии занон, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, вусъати маърифати ҳуқуқии онон, беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак ва амсоли инҳо  фарогири рӯзгори хуши бонувон аст, ки ин ҳама самари дастовардҳои замони Истиқлолият мебошад.

Қарори навбатии Раиси шаҳри Қайроққум аз 10 ноябри соли ҷорӣ, таҳти №271 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нигаронида шудааст.