zoofirma.ru

Дар арафаи “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар толори шӯъбаи маорифи шаҳри Кайроккум  вохӯрии намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” бо донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 14 ва 8 баргузор гардид.

Раиси КИ ҲХДТ Қосимова К.М дар он баромад намуда, ҳозиринро бо Иди Парчам муборакбод намуд. Дар баромад дар бораи таърихи Парчами Тоҷикистон ва аҳамияти он дар давлатдории тоҷикон сухан рафт.

Дар ҳамин чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 160 нафар донишҷӯён шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар охир аз тарафи донишҷӯён ва хонандагон номераҳои фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.