zoofirma.ru

26 ноябр дар шаҳраки Чоруқдаррон қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 32 ва №34, аз сафи ҲХДТ интихоб шудаанд Мансур Боқиев ва Каромат Қосимова сурат гирифт.

Шаҳрвандон оид ба масъалаҳои кӯмаки моддӣ, маводи сухт, маблағ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзгору  доруворӣ ва монанди инҳо ба вакилон муроҷиат намуданд. Ҳаддалимкон худи ҳамон рӯз вакилон дар ҳамкорӣ бо шахсони масъул  дархости муроҷиаткунандагонро ба таври мусбӣ ҳал карданд. Ашхоси эҳтиёҷманд ба монанди  Мунаввара Ғаниева, аз тарафи корхонаи ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод”  бо ҳезум,  Шарофат Қобилова, бо доруворӣ аз ҷониби беморхонаи шаҳрак таъмин ва  М. Ҷӯрабоева бо мадади соҳибкорон дархосташ қонеъ карда шуд.