zoofirma.ru

Дар саҳни майдони Нишони давлатӣ Раиси шаҳри Гулистон, раиси федератсияи футболи шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо футболбозони дастаи “Гулистон”-и шаҳр ба муносибати ғолибият дар даври ниҳоии ҷоми вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол вохӯрӣ доир намуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд санаи 3-юми августи соли равон даври ниҳоии Ҷоми вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол миёни дастаҳои “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва “Зарафшон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов доир гардида, дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дастаи “Зарафшон”-и ноҳияи Ҷаббор Расуловро бо ҳисоби бузурги 5-3 мағлуб намуда, ғолиби ҷоми   вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол гардид.

Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳайати дастаро бо соҳиб шудан ба ин натиҷаи назаррас дар сатҳи вилоят табрик намуда, ба онҳо дар бозиҳои оянда муваффақият ва ғалабаҳои пайопай таманно намуд. Зикр гардид, ки футбол варзиши рақами яки сайёра муаррифӣ гардидааст ва ба ин намуди варзиш шахсони зиёд мароқ зоҳир менамоянд. Барои рушди ин риштаи варзиш Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хоса дорад ва роҳбарияти шаҳр низ кӯшиш менамоянд, ки дар оммавигардонӣ ва рушди ин навъи варзиш саҳмгузор бошанд.

Ба ҳайати даста кумакпулии Раиси шаҳр тақдим гардид. Сармураббии даста Фаррух Ниёзов аз дастгириҳои пайвастаи Раиси федератсияи футболи шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода изҳори сипос намуда, зикр дошт, ки бозигарони даста кӯшиш менамоянд, ки дар оянда низ ба муваффақиятҳои назаррас даст ёфта, шаҳри Гулистонро дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ шоиста муаррифӣ менамоянд.