zoofirma.ru

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бунёду азнавсозии наздик 200 иншоот ба нақша гирифта шуда, давоми солҳои 2018-2020 ба маблағи 310 миллион сомонӣ 157 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” тасмим доранд ҷашни миллиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ аз шаҳри Гулистон боздид карда, рафти корҳо дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, бинои маркази таҳсилоти иловагӣ, боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик” ва бинои адлияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

 

Ба иттилои масъулин бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз се ошёна иборат аст ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандони ҳизб шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд. Бинои маркази таҳсилоти иловагӣ бошад дар шафати бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷойгир буда, тибқи нақша дар он маҳфилҳои гуногун, аз қабили дӯзандагиву пазандагӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ ташкил карда мешавад.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик”-и шаҳр низ азнавсозӣ гардида истодааст. Ҳангоми шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ роҳбари вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар боғи мазкур барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон бояд тамоми шароитҳо муҳайё карда шавад. Масоҳати ин боғ 3 гектар аст ва пас аз азнавсозӣ дар ҳудуди он ташкили майдончаҳои варзишӣ, ҷойҳои махсус барои машқи бадан, нуқтаҳои фурӯши маводи ғизоӣ ва армуғонҳо дар назар дошта шудааст.

Бинои адлияи шаҳр бо маблағгузории Вазорати адлияи мамлакат бунёд шуда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 1,6 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд