zoofirma.ru

Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣв ва хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Санавбар Нуруллоева ва Неъматҷон Исмоилов хабар гирифта, аз саҳми онҳо дар рушди хоҷагии халқ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар мамлакат бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, кору пайкори чунин шахсиятҳо барои навсли ҷавон намунаи ибрат ва мактаби бузург маҳсуб меёбад.

Ба номбаршудагон аз номи Раиси вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас гардид.

Санавбар Нуруллоева ва Неъматҷон Исмоилов барои дастгириҳои доимӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд