zoofirma.ru

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бӯстон дар доираи даври 10-ум (марҳилаи дуюм)-и чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) оид ба футбол санаи 11-уми августи соли ҷорӣ вохӯрии дастаҳои “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ва “Гулистон”-и шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Бозии аввалини марҳилаи дуюм пас аз ҷамъбасти марҳилаи аввал ва   танаффуси якмоҳа бо қувваи тоза ва басе ҷолибу диданӣ сурат гирифт.  Дар қисми аввалӣ дидор бозигарони дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон имкониятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷа ҳуҷумкори даста ба задани 2 тӯб ба дарвозаи ҳариф мушарраф гардид. Бозигарони дастаи Бӯстон низ дар пайи кӯшишҳои зиёд ба задани як тӯб даст ёфтанд. Ҳамин тавр бо ҳисоби 1 – 2 қисми аввали бозӣ ба охир расид.

Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони дастаи “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ташаббусро ба даст гирифта маротибаи дуюм хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд. Пас аз голи мизбонон бозӣ ҷолибтар гардид ва дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайиҳам футболбозони гулистонӣ ба задани 2 туби дигар ба дарвозаи мизбонон муяссар гардиданд.

Тубҳоро аз ҳайати дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон Салоҳиддин Одиназода 3 маротиба ва Рашид Мирхолиқов 1 маротиба ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тавр, пас анҷоми бозии даври 10-ум (марҳилаи дуюм)-и чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) дастаи "Суғдиён"-и шаҳри Бӯстон аз дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулилистон бо ҳисоби 2-4 шикаст хӯрд.

Дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон пас аз ин ғалаба мавқеи садрнишинии худро дар ҷадвали мусобиқа бо шумори 9 ғалаба, 1 бохт ва касби 27 имтиёз устувортар намуд.