zoofirma.ru

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи Зарнисор — Бӯстон шинос гардида, барои дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои роҳсозӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Роҳи мазкур бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз тарафи ҶДММ МКМ “Сомонӣ” мумфарш гардида истодааст ва дарозии он 38 км мебошад.

Аз тарафи роҳсозон то имрӯз 5 км пурра мумфарш гардида, дар доираи амалишавии лоиҳа панҷ пулҳои мошингузар низ таъмиру азнавсозӣ хоҳад шуд. Роҳи Зарнисор-Бӯстон солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, рафту омади сокинон бо мушкилӣ сурат мегирифт. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи имсол мумфаршсозии роҳ оғоз ёфта, ҳоло бо ҷалби 15 техникаҳои гуногун ва мутахассисон корҳо ҷараён дорад.

Боиси зикр аст, ки дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Суғд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 450 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 71 пул ва 2 нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шудаанд. Илова бар ин садҳо километр роҳҳои аҳмияти маҳаллидошта мумфарш ва таъмир гардида, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати роҳҳо ҳамасола маблағҳои зарурӣ равона карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд