zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Дастгоҳи Раиси шаҳр

  1. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  2263,00 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  924, 60 сомонӣ;
  3. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  759,00 сомонӣ;

Воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳр:

  1. Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1246,00 сомонӣ;
  2. Мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1246,00  сомонӣ;  
  3. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  924,60 сомонӣ;
  4. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1131,60 сомонӣ;
  5. Сармутахассиси шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1131,60 сомонӣ;
  6. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  759, 00 сомонӣ;
  7. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ  759,00 сомонӣ;

Мақомоти худидоракунии

Ҷамоати шаҳракҳо

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Зарнисор – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1028,10 сомонӣ;
  2. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Консой – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1028,10 сомонӣ;
  3. Сармутахассис заминсозӣ ҷамоати шаҳраки Сирдарё – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1028,10 сомонӣ;
  4. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1028,10 сомонӣ;
  5. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати шаҳраки Адрасмон – 1 ҷой, маоши мансабӣ  841,80 сомонӣ;
  6. Нозири мизи харбии Ҷамоати шаҳраки Консой – 1 ҷой, маоши мансабӣ  841,80 сомонӣ;
  7. Нозири мизи харбии Ҷамоати шаҳраки Сирдарё – 1 ҷой, маоши мансабӣ  841,80 сомонӣ;
  8. Нозири мизи харбии Ҷамоати шаҳраки Зарнисор – 1 ҷой, маоши мансабӣ  841,80 сомонӣ;
  9. Нозири мизи харбии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон – 1 ҷой,  маоши мансабӣ  841,80 сомонӣ;

 

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:

 

Барои мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Барои мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии  хизмати  давлатиро  таъмин  карда  метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Барои мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии  хизмати  давлатиро  таъмин  карда  метавонад, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Барои мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-     ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-     варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 4 адад расми 3х4;

-     тарҷумаи ҳол;

-     нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-     нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-     маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

-     нусхаи шиноснома;

-     маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ (ИТС);

-     нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

-     нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-     маълумотнома (объективка) шакли хаттӣ ё электронӣ;

-     маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-     нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 21 рӯз пас аз нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Ҳамзамон ҳуҷҷатҳои довталабон тариқи почтаи электронӣ – Email: kadr5151@mail.ru қабул карда мешаванд.

Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад. Нишонӣ: шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол №79, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон. Телефон барои маълумот: (83443) 2-46-11, (83443) 2-42-85.