zoofirma.ru

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистон!

Роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ милитсияи тоҷик доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои неки ин ниҳоди муҳими давлатиро садоқатмандона идома медиҳад. Дар давоми беш аз як асри мавҷудияти худ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар сафи аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ будаанд. Намояндагони матиниродаи милитсия барои ҳифзи Ватан дар мубориза бо душманони дохилию хориҷӣ дар оғози ташкил ва барқароршавии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳизи сохти конститутсионӣ мардонагӣ ва матонат нишон додаанд.

Имрӯз дар назди кормандони милитсия боз ҳам вазифаҳои муҳим истодаанд. Ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводхои мухаддир самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо мебошад. Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон иртиботи бевосита дорад. Маҳз, шумо дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доред ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро ҳифз менамоед.

 

Бо ҳидоятҳои фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ба ҷашни бузурги 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳаматарафа мебинанд. Дар ин замина нақшаи чорабиниҳои созанда ва бунёдкорона амалӣ карда мешаванд. Дар муҳити босубот, вазъияти ором ва тартиботи устувори ҷамъиятӣ баргузор намудани ин чорабиниҳо ва татбиқи нақшаҳои созанда ба фаъолияти самарабахши ҳар кадоми шумо - кормандони милитсия вобаста мебошад.

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи милитсия муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободиву саодатмандӣ ва дар кори басо мушкилу душвор, пурмасъулу серталабатон пирӯзиҳо таманно менамоям.