zoofirma.ru

Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба муносибати истиқболи Соли Нав дар Маркази хушҳолии «Манижа» бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, сарвари «Бунёди шафқати Т.Зокирова» Турсуной Зокирова 18 декабр барои 150 нафар кӯдакону наврасони эҳтиёҷманд дастархони идона ташкил карда шуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода оғоз ёфт.

Баъдан намояндаи бунёди шафқат Шоҳсувори Ҳофиз намунаи шеърҳояшро пешкаши наврасон намуд. Донишҷӯёни факултаи филологияи ДДХ, ба номи Б.Ғафуров дастовези идонаи шеъру таронаро пешкаши иштирокчиён карданд. Дар фарҷом ба кӯдакону наврасон тӯҳфаҳои солинавӣ ҳадя карда шуд.