zoofirma.ru

Таҳти чунин унвон барномаҳои рангини консертӣ аз 21 то 31 декабр, ҳар рӯз аз соати 15:00 дар боғи фарҳангу фароғатии «24-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» доир мегардад.

Дар чорабинӣ Бобои Барфӣ, Барфак ва суруду тарона, рақсҳои ҷолиб аз ҷониби ҳаваскорони санъати шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва муҳассилини коллеҷи тиббӣ манзури сокинону меҳмонони шаҳр мешавад. Аз лаҳзаҳои хуши фароғат дар канор намонед.

Телефон барои маълумотҳои иловагӣ: (83443) 2-23-64.