zoofirma.ru

Кормандони соҳаи энергетикаи кишвар ҳар сол. чун анъана 22 декабр - Иди касбии худро ҷашн мегиранд.

Бо таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика, ки асоси пешрафти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, сол аз сол инкишоф ёфта, дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта мешавад. Вазъи барқтаъминкунӣ дар оғози истиқлолияти кишвар ва имрӯз аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад.

Барои таъмини мӯътадили хоҷагии халқ ва аҳолии мамлакат бо нерӯи барқ ҳоло аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла бунёди чандин лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои хурду миёна роҳандозӣ шуда, азнавсозии НБО-и Роғун бо маром идома дорад.

Таҳлили дастовардҳои соҳа ва корҳои дар ин самт иҷрогардида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки соҳаи энергетикаи шаҳри Қайроққумро низ ояндаи нек ва дарёфти мақом чун сарчашмаи ғанигардонии буҷет интизор аст. Ва шурӯъ аз соли нави 2016 бо 175 миллион доллари амрикоӣ таҷдиду барқарорсозии НБО-и «Дӯстии халқҳо» бо маблағгузории Бонки рушду таҷдиди Аврупо оғоз ёфта, минбаъд шароит фароҳам меояд, ки иктидори истеҳсолии истгоҳи мазкур афзоиш ёбад.

Ин иқдом даст медиҳад,ки солҳои наздик танқисии таъмини барқ аз байн рафта, моро ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон амалӣ мешавад..

Бо чунин ниятҳои нек кулли кормандони соҳаи барқи шаҳрро бо фарорасии Иди касбӣ – Рӯзи энергетикҳо табрик ва муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, умри бобаракат, хушбахтӣ ва комёбиҳои тозаи меҳнатӣ орзу менамоям.