zoofirma.ru

Дар шаҳри Қайроққум 21 декабр боз як корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маросими ифтитоҳи ҶДММ «Шӯҳрат -2005» Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирок варзида, баромад кард. Мавсуф қайд намуд, ки корхона дорои худуди 150 гектар замин буда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони чинӣ ба азнавкоркарди партовгоҳи маъдан ибтидо бахшида, дар ин замина то 60 нафар  ҷавонони худи шаҳракро дар марҳилаи аввал ва баъдан то зиёда аз 100 нафарр бо ҷои кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин менамояд.

-Бо мусоидат ба дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мо кӯшиш мекунем фаъолияти мураттаби корхонаро таъмин карда, баҳри пешбурди соҳаи саноати шаҳр саҳми арзанда гузорем, - ҳини суҳбат иброз дошт, директори генералии ҶДММ «Шӯҳрат -2005» Бобохон Раҳмонов.