zoofirma.ru

Таҷлили Рӯзи энергетикҳо дар толори Шабакаҳои барқӣ бо қироати муборакбодии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷониби директори Шабакаҳои барқии Суғд Тӯра Атамов оғоз ёфт.

Муборакбодии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзодаро мудири бахши саноат ва энергетика Фазлиддин Орифов ба самъи ҳозирин расонид. Сипас, дар назди ҳузурдоштагони чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, намояндаи иттифоқи касабаи коргоҳ Парвиз Зокиров ва Қодир Собиров масъули соҳаи варзиш сухан гуфтанд.

Ба 22 нафар фаъолони соҳа шаҳодатномаҳои узвияти ҲХДТ супорида шуд. Машъалони истеҳсолот барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои хуб бо Ифтихорномаю сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии Раисони вилояту шаҳр, КИ шаҳрии ҲХДТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, иттифоқи касабаи Шабакаи барқии Суғд сарфарозонида шуданд. Зайниддин Мавлиддинов, сардори умури танзими таъҷилӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии барқи тоҷик» қадр гардид.

Ҷамъомади тантанавиро мутахассиси пешбари корхона Обиддин Ваҳобов ҷамъбаст намуд.