zoofirma.ru

Имрӯз маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш баргузор гардид. Дар ин маросим шаҳри Гулистон бо ҷоизаи Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2021 сарфароз гардид.

Лозим ба зикр аст, ки дар соли 2021 шаҳри Гулистон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳр буд, ки дастаи футболии шаҳр "Гулистон" дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм ғолиби минтақаи Суғд ва ниҳоят қаҳрамони Тоҷикистон гардида, роҳхат ба Лигаи аввали футболи мамлакатро соҳиб гардид. Ҳамчунин, футболбозони шаҳр ғолиби ҷоми вилояти Суғд низ гардида буданд. Варзишгарони шаҳр низ дар соли сипаригардида ба дастовардҳои назарраси варзишӣ ноил гардиданд. Дар ин самт саҳми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр низ назаррас аст.

 

Дар шаҳр як мактаби варзишӣ амал менамояд, ки дар он 24 нафар мураббӣ фаъолият мебаранд. Дар мактаби варзишӣ 9 намуди варзиш: футбол, волейбол, баскетбол, бокс, каратэ-до годзю-рю, дастхобонӣ, гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ, гуштини тарзи озод ва тенниси рӯйи миз амал намуда, 55 гурӯҳҳои машқӣ бо ҷалби 674 нафар наврасону ҷавонон машқу тамрин менамоянд.

Варзишгарони шаҳр дар давоми соли 2021 дар 25 мусобиқаи дохилимактабӣ – бо гирифтани 673 медал, 34 мусобиқаи шаҳрӣ бо гирифтани 775 медал, 15 мусобиқаи вилоятӣ бо гирифтани 88 медал, 12 мусобиқаи қумҳуриявӣ бо гирифтани 94 медал ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ бо гирифтани 2 медал мушарраф гардиданд. Дар маҷмуъ варзишгарони шаҳр дар давоми соли 2021 соҳиби 1632 медал гардиданд, ки аз ин миқдор 546 медали тилло, 510 медали нуқра ва 576 медали биринҷӣ мебошад, ки нисбат ба соли қаблӣ ба маротиб бештар мебошад.

Инчунин, бо мақсади оммавияти варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои ҳудуди шаҳр, зиёда аз 600 маротиба мусобиқаҳои деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал аз қабили футбол, волейбол, гуштин, тениси рӯйи миз ва шоҳмоту шашка бо ҷалби наврасону ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор карда шуд.

Ба даст овардани ҷоизаи мазкур масъулини соҳаро болидарӯҳ гардонида, имкон медиҳад, ки минбаъд низ дар ин самт фаъолияти пурсамар намуда, ба қуллаҳои навбатии музаффарият даст ёбанд.

Ҷоизаи Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2021 барои кулли сокинони шаҳри Гулистон муборак бошад!