zoofirma.ru

Имрӯз, 2 март бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар майдони маҷмааи "Дасти дуои Модар" бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир гардид. Ҳамоиш бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи "Дасти дуои Модар" оғоз ёфт.

Дар ҳамоиш модарону бонувони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, наврасону ҷавонони шаҳри Гулистон ширкат намуданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирокдорони ҳамоишро бахшида ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил ва рӯзгори осуда таманно намуд.

 

Гуфта шуд, ки маҷмааи "Дасти дуои Модар" ҳамчун рамзи муҳаббати поку самимӣ, эҳтироми бузург, арҷгузорӣ ба Модар ва қадршиносии кулли модарони тоҷик бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми марти соли 2021 қомат афрохт.

Сипас, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи Модар суруду таронаҳои ҷолиб қироат намуда, ба ҳамоиш шукуҳи тоза бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар тибқи нақшаи чорабиниҳо баргузории аксияву ҳамоишҳои идона, аёдати модарону бонувони собиқадору барӯманд, модарони яккаву танҳо ва аз оилаҳои ниёзманд бомаром ҷараён дорад.