zoofirma.ru

Дар толори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо иштироки таълимгирандагони маҳфилҳои амалкунандаи марказ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабини мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва директори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ба истифода додани муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр имконияти васеи омӯзиши касбу ҳунар ва тақвияти донишҳои замонавиро фароҳам овард.

 

Марказ дорои ҳамаи шароитҳои таълим ва касбомӯзӣ мебошад. Роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дошта, пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил талош доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки барои омӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ саъй намуда, бо ин васила барои муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи мусоид ба вуҷуд орем ва дар мубориза алайҳи тамоми зуҳуроти номатлуб омода бошем.

Ҳамчунин, доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо ба иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҷиҳати иштироки бештари хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва озумунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, стипендияи Раиси шаҳр ва стипедияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳо ва стипендияҳо ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ дода шуда, таъкид гардид, ки бо иштироки фаъолона ва комёбиҳо дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ шаҳри Гулистонро муаррифӣ намоянд. Ҳамзамон зикр гардид, ки роҳбарияти шаҳр ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, ҷиҳати ҳавасмандагардонии ғолибони олимпиадаву озмунҳо тадбирҳои муассир меандешанд.

Сипас, бо хонандагон суҳбати озод ҷараён гирифта ба суолҳои иштирокчиён посухҳои муфассал дода шуд.