zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати омавигардонии варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ки аз ҷониби раиси шаҳри Гулистон ба тавсиб расидааст мунтазам мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардида истодааст.

Масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву ташкилотҳо ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо баргузор менамоянд.

Бо ин мақсад санаи 03.03.2022, дар  маркази шаҳр байни ҷавонони касбу кори гуногун мусобиқаи варзиши волейбол бо усули маҳал ба маҳал ташкил ва баргузор карда шуд. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунро ба роҳ монда, бо ин усул тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти варзишро таъмин намоянд.