zoofirma.ru

Имрӯз, 30 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати кории назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар машварат роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва воҳидҳои сохторӣ иштирок доштанд.

Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр дар доираи дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулин доир ба вазъи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, омодагӣ ба қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва корҳои ободонӣ пурсон гардид.

Сипас, ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва таъмини босифати рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.