zoofirma.ru

Дар асоси барқияи фаврии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз, 2 майи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр Ситоди Комиссияи ҳолатҳои фавқулода доир гардид. Дар кори Ситод муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва аъзои Ситоди Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори Ситодро оғоз бахшида таъкид намуд, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 2-4 майи соли 2022 дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боришоти борон, раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Вобаста ба ин масъала аз аъзои ситод ва раисони ҷамоати шаҳракҳо доир ба вазъ ва минтақаҳои хавфнок пурсиш ба амал оварда шуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки шаҳрвандонеро, ки дар минтақаҳои осебпазир истиомат доранд огоҳ гардонанд, техникаҳои муҳандисиро дар ҳолати омодабош қарор диҳанд, доир ба рафъи ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои муассир андешида дар минтақаҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, мунтазам бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар робита бошанд.

 

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки шаҳрвандон аз чаронидани чорво дар кӯҳҳо худдорӣ намоянд ва селроҳаҳо зери назорати пайваста қарор дода шавад.