zoofirma.ru

5 майи соли 2022 дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ шумораи зиёди сокинони касбу кори гуногуни шаҳрак ширкат доштанд.

Вохӯриро раиси ҷамоати шаҳрак ҳусни оғоз бахшида, мақсаду муҳтавои чорабиниро манзури иштирокчиён намуда, суханро ба Ҷамолиён М.Ғ.-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дод.

 

Номбурда пас аз муаррифӣ ҷанбаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15-ро баён намуд. Иброз дошт, ки дар вазифаҳои гуногуну пурмасъулият фаъолият намудани Раъно Ҳошимзода ва ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардиданаш дарак аз он медиҳад, ки ҳамагуна душворию мушкилиро паси сар намуда, баҳри иҷрои масъулияти бар дӯш доштааш ҷиду ҷаҳд менамояд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода-номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 дар суханронии худ таъкид бар он намуд, ки барномаи пешазинтихоботиаш дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳияи шуда, мақсад танҳо фароҳам овардани зиндагии сазовору арзанда барои ҳар як сокинро дар бар мегирад. Зикр карда шуд, ки танҳо тавассути таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷоиҳои нави корӣ имкони паст намудани шиддати бозори меҳнат вуҷуд дорад. Инчунин, бо ин роҳ имкони саҳмгузорӣ дар татбиқи эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" вуҷуд дорад. Ҳамчунин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода-номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир ба афзалияти соҳаи маориф сухан намуда, иброз дошт, ки танҳо бо роҳи таъмини иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурявӣ имкони муаррифӣ карданамонро дорем ва омӯзгорону кормандони соҳаро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои муассирро равона созанд. Дар ниҳоят зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ ва бо меҳнати ҳалолу сарҷамъона мо метавонем ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.

Сокинони шаҳрак бо ваъдаи иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсӣ якчанд таклифу мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.