zoofirma.ru

Имрӯз, 12 майи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр дидан намуд.

Ҳангоми боздид аз  шароити таҳсил дар муассисаи таълимӣ ба  сатҳу сифати дониши хонандагон, малакаи омӯзгорон ва вазъи синфхонаҳои фаннӣ таваҷҷуҳ намуда, ба омӯзгорон барои тайёр намудани хонандагон ба озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти таълимии омӯзгорон тайёр намудани шогирдон дар озмунҳо маҳсуб меёбад. Озмунҳо дараҷаи тафаккур ва рушди қобилияти зеҳнии хонандагонро инкишоф дода, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад.

 

Аз ин нуқтаи назар бояд ба рушди ҳамаҷонибаи хонандагон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ба роҳбарияти муассиса ҷиҳати беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва таъмини пурраи муассиса бо мутахассисони соҳавӣ дастур дода шуд.