zoofirma.ru

Дирӯз, 11 майи соли 2022 бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва роҳбарияти ширкати муштараки кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор маросими идомаи мумфаршкунии роҳҳои марказии Ҷамоати шаҳрак ва оғози корҳои партовтозакунии корхонаи муштараки куюӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо иштирокдорон муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз дастгириву ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон ва сармоягузорон ёдовар гардиданд.

Гуфта шуд, ки бо ибтикори наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ ва солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" эълон карда шуд.

Роҳбарияти ширкати муштараки кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой изҳор дошт, ки бо такя ба сиёсати оқилонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои худӣ 38 километр роҳҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Зарнисорро мумфарш хоҳанд кард.