zoofirma.ru

Санаи 12 майи соли 2022 дар асоси қарори раиси шаҳр доир ба таҷлили Рӯзи оила дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила  баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".

Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии шаҳри Гулистон аз 20 то 55 сола даъват гардида буданд. Аз ҳама калонтарини оилаҳо оилаи Каримбердиевҳо аз шаҳраки Сирдарё ширкат доштанд. Каримбердиев Султон бо ҳамсараш Нурматова Муҳаррам тӯли 55 сол зиндагии якҷоя дошта, соҳиби 4 фарзанд, 16 набера ва 6 абера гаштаанд.

Ҳамчунин, оилаи намунавӣ оилаи Назришозодаҳо, ки тӯли 30 сол хушбахтона зиндагӣ доранд иштирок доштанд.

Оилаи ҷавонтарин бошад оилаи Хоҷаевҳо ба ҳисоб рафт, ки дар ҳамин чорабинӣ Хоҷаев Бахтиёр бо Сатторова Умеда ақди никоҳ баста, аз ҷониби бахши САҲШ ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ дар вазъӣ тантанавӣ супорида шуд.

Сипас, ба волидайни тифлони навзод шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.

Дар чорабинӣ барои иштирокчиён дастархони идона ороста шуд.  Оилаҳои намунавӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни оиладорӣ сухан намуда таъкид намуданд, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад.

Ба оилаҳои намунавӣ аз ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, ба се нафархонандагони муассисаҳои таълимӣ, ғолибони озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи “Оилаи мо - беҳтарин” туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.