zoofirma.ru

Санаи 12.05.2022 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебопарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, порадӯзӣ, читгари ва атласу адрасбофӣ ва дар асоси қарори Раиси шаҳр дар тарабхонаи “Манижа”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Баланд бардоштани тақвияти муаррифии сару либоси миллӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдонҳо ва дигар намуди чеварӣ ҳадафи дигари фестивал буд.

Фестивал аз рӯйи номинаҳои “Намоиши либоси қадимаи чакан”, “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Намоиши либоси маросимӣ ва идона”, “Намоиши либоси расмӣ” ва “Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ” ҷараён гирифт.

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон иштирокчиён баҳогузорӣ гардида, аз рӯйи натиҷаи ҳосилшуда ғолибон муайян карда шуданд.

Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиён сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супурда шуд.