zoofirma.ru

12 майи соли ҷорӣ дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр чорабинии фарҳангӣ доир ба таҷлили Рӯзи шашмақом баргузор гардид. Фаридуншоҳ Абдуллоев намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро манзури аҳли фарҳангчиён ва иштирокдорон намуд. зикр гардид, ки Аз 12 майи соли 2000 шурӯъ намуда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои фарҳангии мусиқии халқи тоҷик, дар заминаи арзишҳои аслии санъати мақомхонӣ равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ фармонро «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонданд.

Барҳак, шашмақом дар таърихи санъати қадимаи халқи тоҷик мақом ва мавқеи бузург дорад. Ин санъати волоро гузаштагони мо ба хотири дар дувоздаҳ бурҷи осмон гардиш намудани ситорагону сайёраҳо ва дар ҳар бурҷ мақоми хоса зоҳир кардани онҳо силсилаи овозҳои созиву халқӣ ба вуҷуд оварданд, ки аз дувоздаҳ симфонияи азим, яъне аз дувоздаҳ силсиламақом иборат буд. Минбаъд он ба шаш мақом расонида шуд.

Имрӯзҳо дар кишвар барои рушди ин навъи санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини мақомхониро пешкаши дӯстдорони санъати асил ва мусиқии рӯҳафзо намуданд.