zoofirma.ru

Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз 24.05.2022 дар кӯчаҳои Суғдиён, Ҷавонӣ ва Айнӣ бо бонувони истиқоматкунандагони биноҳои баландошёна суҳбат-вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ кормандони шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши кор бо занон ва оила, дин танзими анъана  ва ҷашну маросим ва раиси маҳаллаи №4-и шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи расму одатҳои ниёгон, тақлид нанамудан ба либоспӯшии ғайримиллӣ, захираи маводи озуқаворӣ, зери назорат гирифтани фарзандон ва истифодабарии мақсадноки телефонҳои дастӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ, пайравӣ нанамудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.