23-юми майи соли 2022 дар доираи даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисор майдондорӣ намуд.
Қисми аввали дидорро бозигарони гулистонӣ бо муваффақият оғоз намуда аз вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода бурда дар дақиқаи 19-уми дидор ҳисоби бозиро кушоданд. Дар дақиқаҳои охири қичми аввал мизбонон тавонистанд ҳисоби бозиро мусовӣ намоянд.
Дар қисми дуюми дидор талошҳои мизбонон самар овард ва дар дақиқаи 57-ум ҳисобро бар нафъи худ афзуданд. Ҳуҷумкорони дастаи "Гулистон" пас аз 3 дақиқа ба баробар намудани ҳисобӣ бозӣ даст ёфтанд ва то дақиқаҳои 80-ум бозӣ бо ҳисоби 2-2 ҷараён дошт. Бозигарони гулистонӣ дар дақиқаи 80-ум туби 3-юми худро вориди дарвозаи ҳариф намуда пешсаф гардиданд. Дар вақти иловагии дидор ба мизбонон муяссар шуд, ки ҳисоби бозиро баробар намоянд.
Ҳамин тавр дидори дастаҳои "Барқчӣ" - "Гулистон" дар даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум бо ҳисоб 3-3 ба анҷом расид.
Тубҳоро аз ҳайати дастаи "Гулистон" Ҷумаев як маротиба ва Муҳсин Рустамзода ду маротиба ба ҳадаф расониданд. "Гулистон" бо качби 5 хол пас аз даври панҷум дар ҷадвали мусобиқот зинаи 7-умро ишғол намудааст.
Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар даври шашуми чемпионат санаи 28-уми майи соли 2022 дастаи "Моҳир"-и ноҳияи Ёвонро ба ҳузур мепазирад.