zoofirma.ru

Санаи 17 майи соли 2022, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон, ки аз 05.05.2022, №109 ба тавсиб расидааст дар толори варзишии "Истиқлол"-и маркази шаҳр марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии волейбол байни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур бонувон аз ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоати шаҳракҳои шаҳр фаъолона иштирок ва байни ҳам сабқат намуда, дар натиҷа, дастаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон сазовори ҷои 1, дастаи коллеҷи тиббӣ сазовори ҷои 2 ва дастаи маркази саломатии маркази шаҳр сазовори ҷои 3 гардида, ғолибон бо диплом, медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.