zoofirma.ru

Имрӯз, 30.05.2022 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори бахши фарҳанги шаҳр конфренсияи илмӣ адабӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр баргузор карда шуд.

Дар кори конфренсия сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомооти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, директори китобхонаи системаи марказонидашудаи Бибиомина Мирзоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зик гардид, ки Рӯзи байналмилалии кӯдакон яке аз қадимтарин идҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Қарори баргузории он соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонии некӯаҳволии кӯдакон дар Женева қабул карда шуд. Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, вақте ки масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аз ҳарвақта бештар таъхирнопазир буданд, соли 1949 дар Париж конгресси занон баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни конгресс изҳорот кабул карданд, ки барои таъмини сулҳи пойдор ба хотири таъмини ягона кафолати хушбахтии кӯдакон мубориза баранд, ва худи ҳамон сол, дар сессияи Москвагии Шӯрои Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон ҷашни имрӯза муқаррар карда шуд. Соли 1950, 1 июн аввалин Рӯзи байналмилалии кӯдакон баргузор шуд, ки пас аз он ин ид ҳар сол таҷлил карда мешавад. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.

Кӯдакон, некӯаҳволӣ ва ҳуқуқҳои онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи СММ аз лаҳзаи таъсиси он дар соли 1945 қарор доштанд. Яке аз санадҳои асосии Ассамблеяи Генералии СММ ин ташкили Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) буд, ки айни замон механизми асосии кӯмаки байналмилалӣ ба кӯдакон мебошад.

Аввалин ва ҳуҷҷати асосии байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кӯдак дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ баррасӣ шудааст ин Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак буд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 қабул шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 26 ноябри соли 1993 ба тасвиб расонидааст ва ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд. Дар ин давра бо мақсади таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак, ки самти афзалиятноки сиёсати давлат ва бо мақсади таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад дар ҷумҳурӣ дар ин соха чорахои дахлдор андешида шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 30% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини  манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию чисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки як мақоми доимии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак бо мақсади амалисозии қонунгузории кишвар ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда пеш мебарад.

Дар қисмати адабии конфренсия хонандагони фаъоли китобхона дар васфи Ватан ва сулҳу ваҳдат шеърҳо қироат намуданд.