zoofirma.ru

Рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ фестивал - озмуни вилоятии “Сад ранги чакан”, дар боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.

Дар озмун иштирокчиён аз шаҳри Гулистон фаъолона ширкат намуданд. Ҳадаф аз баргузории фестивал тарғиби либосҳои миллӣ, эҳё ва рушди санъати чакандӯзӣ унвон мешавад. Қабл аз оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти чакан ташкил карда шуд, ки дар он ҳунармандони чирадасти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар намоишгоҳ либосҳои миллӣ, сузанӣ, рӯйпӯшҳои деворӣ, камарбанд, пиёла, ороиш бо нақшҳои чакан ба маърази тамошо гузошта шуданд. Фестивал - озмуни “Сад ранги чакан” аз рӯи чор номинатсия – либосҳои чакани қадимӣ, либосҳои кӯдакона, либоси ҷашну идона, либосҳои расмӣ баргузор гардид.

 

Бо натиҷагирии ҳайати ҳакамон аз номинатсияи либосҳои кӯдакона дар байни иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят довталаби гулистонӣ Рамзия Раҳматова сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.