zoofirma.ru

Имрӯз, 1-уми июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид. Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо намоиши омода намудаи кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ шинос гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кӯдакону наврасонро ба ин муносибат таҳният гуфт. Зикр гардид, ки рўзи 1-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Ба ин муносибат ин рӯзи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон, ба кулли сокинони шаҳри Гулистон самимона табрик мегӯям.

Тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишварамон садҳо боғчаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, ҳазорҳо муассисаҳои таълимии миёна ва умумӣ, омўзишгоҳу ҳунаристонҳо, даҳҳо мактабҳои олӣ ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон машғуланд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша доир ба таваҷҷуҳи доимӣ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кӯдакону наврасон тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Дар ин замина, дар шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо барои кўдакону наврасон 10 муассисаи таълимии томактабӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби санъат, мактаби варзишӣ ва баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 52 майдончаи варзишӣ, 15 майдончаи бозии кўдакона мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳудуди шаҳрамон барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи гурӯҳҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳо, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дастгирии оилаҳои камбизоат, кумаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор давра ба давра такмил меёбад.

Сипас, аз ҷониби кӯдакон - таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи рангини консертӣ манзури иштирокдорони чорабинии идона гардид.