zoofirma.ru

Дар даври ниҳоии мусобиқаҳои кушоди варзишӣ аз рӯйи намуди дастхобонӣ ва гуштини юнонӣ-румӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони Гулистоншаҳр фаъолияти арзанда нишон дода, соҳиби 5 медали тилло ва 2 медали нуқра аз рӯйи намуди мусобиқаи дастхобонӣ ва 1 медали нуқра  аз рӯйи намуди гуштини юнонӣ-румӣ гардида, бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи дигар намудҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Итминон дорем, ки варзишгарони гулистонӣ ба хазинаи дастовардҳои хеш дар ин мусобиқаи пуршукӯҳ медалҳои навбатиро зам менамоянд.