zoofirma.ru

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси Ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 6-уми июли соли 2022 дар шаҳри Гулистон 18 июли соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шашмоҳи соли 2022 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ ҳайати дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони сохторҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ширкат доштанд.

Дар оғози чорабинӣ Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шашмоҳаи соли 2022 суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 130,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 107,8 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 9,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 30,3 миллион сомонӣ буда, 35,0 миллион сомонӣ ё 115,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 4,7 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 26,3 миллион сомонӣ (нақша – 24,9 миллион сомонӣ) иҷро гашт, ки баробар ба 105,3 фоиз ё ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳ ба маблағи 2 миллиарду 523,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,1 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 51,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 87 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 22,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ сохтмони 6 корхонаи саноатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2632 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 400 сомонӣ зиёд мебошад (соли 2021-2232 сомонӣ).

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12547 ададро ташкил медиҳад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 11214 нафар мебошанд. Шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна 1038 нафарро ташкил медиҳанд.

Муштариёни шаҳри Гулистон ба маблағи 66,4 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуда, дар ин давра 63,8 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 96,0%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 94,2 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 157,1 фоизро ташкил дод. Корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи 87,6 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 149,5 фоиз мебошад. Иҷрои корҳои пудратӣ 309,5 миллион сомонӣ буда, 11 маротиба зиёд мебошад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиааҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 4 медал ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 7 медал гардиданд.

Дар шаҳр 31 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Теъдоди табибон 99 нафар ва кормандони миёнаи тиб 346 нафар мебошад.

Дар давоми соли ҷорӣ 1085 меҳмонони хориҷӣ ва 12903 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 13988 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 15,2 миллион сомониро ташкил дод.

Дар ҳудуди шаҳр 132 маъракаи гуногун, аз ҷумла 85 тӯйи домодию арӯсӣ, 21 маросими чил ва 19 маъракаи сол баргузор гардидааст.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.