zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 19 июли соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст роҳбари шаҳр ба раванди таъмиру барқарорсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва кӯдакистони "Офтобак"-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон шинос гардид.

Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ, раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати  иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳо бо сифати хуб ба роҳ монда шудаанд.