zoofirma.ru

Имрӯз, 21 июли соли 2022 бо мақсади пешигирии амалҳои коррупсионӣ ва роҳ надодан ба ин амалҳои номатлуб дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр муҳратам Раъно Ҳошимзода ва муовини сардори Раёсати Агенти назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҳмадраҷаб Асозода ҷаласа баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа қайд карда шуд, ки вазифаи асосии пешгирии коррупсия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуни инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия амалӣ сохтани асосҳои меъёри ҳуқуқии пешгирӣ , ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқобилият бо коррупсия васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия иборат мебошад.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки имрӯз дар ҳақиқат муаммои коррупсия дар яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад.

Дар фарҷом даъват ба амал оварда шуд, ки дар роҳи пешгирии ин падидаи номатлуб бояд кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла зиёиёну фаъолон бояд саҳмгузор бошанд.