zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 22 июли соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст роҳбари шаҳр аз раванди таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишӣ шинос гардид.

Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру тармим ва омодагӣ ба соли нави хониш  ба масъулин ҷиҳати  иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ идома дорад, ҳамчунин муассисаҳои таълимии ҷамоат ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд.