zoofirma.ru

Имрӯз, 4 августи соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободонӣ ва омодагиҳо ба соли нави хониш аз муассисаҳои таълимӣ ва рафти таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо ва омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯчаҳои шаҳр боздид ба амал овард.

Дар раванди боздид аз муассисаҳои таълимӣ ва кўдакистонҳо  аз машғулиятҳои таълимӣ ва консервакунонии кормандони кўдакистонҳо шинос гардида, дар бораи дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҷиҳати таъмин ва захира намудани маводи ғизоӣ тавсияҳо дода шуд.

Ҳамчунин, дар рафти боздид аз кӯчаҳои шаҳр ҷиҳати ободу зебо намудани маркази шаҳр шинос гардиданд.

Дар маъракаи ободонӣ масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри зебову пурҷило намудани шаҳр дар гулгашту хиёбонҳо, роҳравҳо, шафати роҳи асосӣ гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуда истодааст.

Дар рафти шиносоӣ аз  муассисаҳои таълимӣ ва кўдакистонҳо ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ ва таъминӣ кўдакистонҳо ба меваю сабзавоти хушсифат ҳамчунин тариқи консервакунонӣ захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, вусъати корҳои ободонию кабудизоркунии атрофи муасссисаҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъулини муассисаҳои таълимӣ, кўдакистонҳо ва масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.